Оид ба муайян намудани риояи тартиби гузаронидани назорати камералӣ аз ҷониби кормандони мақомоти андоз
Махфияти Пурсишнома нигох дошта мешавад
Тибқи муқаррароти моддаи 37 Кодекси андоз назорати камералӣ шакли назорати андоз буда, аз ҷониби мақомоти андоз дар асоси омӯзиш ва таҳлили ҳисоботи андози пешниҳоднамудаи андозсупоранда, маълумоти дар мақоми андоз мавучудбуда ва дигар ҳуҷҷатҳо бе рафтан ба маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда, бо мақсади огоҳ намудани андозсупоранда аз эҳтимолияти қонунвайронкунии андоз ҷиҳати мустақилона ислоҳ ва пешниҳод намудани эъломияи иловагии андоз ва расонидани ёрии амалӣ дар таъмини қонунгузории андоз, анҷом дода мешавад.
Андозсупоранда метавонад дар мӯҳлати 10 рӯзи корӣ тавзеҳот, ҳуҷҷатҳо ва (ё) эъломияи иловагии андозро пешниҳод намояд. Дар сурати пешниход нашудани тавзеҳот, ҳуҷҷатҳо ва (ё) эъломияҳои иловагӣ корманди мақомоти андоз ӯҳдадор аст санади назорати камералӣ тартиб дода аз натичаи он карори дахлдор кабул намояд.
Гузаронидани назорати камералӣ барои давраҳои санҷишҳои маҷмӯию мавзӯии гузаронидашуда, такроран гузаронидани назорати камералӣ, инчунин зиёда аз як маротиба дар шаш моҳи тақвимӣ гузаронидани назорати камералӣ манъ аст, ба истиснои назорати камералие, ки дар ҳолати зарурӣ тибқи супориши хаттии Раиси Кумитаи андоз таъин мегардад.
(Агар иштироккунандаи пурсиш хоҳиши махфӣ нигохдоштани ному насаби худро дошта бошад, пас ба ҷои ному насаб калимаи "Махфӣ" навишта мешавад)
Барои иштироки фаъолонаатон дар Пурсишнома изҳори сипос менамоем.